Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир шуд

Рӯзи 29-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолияти агентии мазкур ва зерсохторҳои он дар  9 моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои то охири соли 2025 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, муовинони директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  9 моҳи соли равон  муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонзода баромад намуд.

Ҳамин тавр, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуда, вазифаҳои соҳа то охири соли 2025 муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, қарори Шӯро доир ба масъалаҳои баррасишуда қабул гардид.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译