Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир  бо дастрас гардидани навтарин таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ бахши ҷарроҳӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Агар солҳои қабл шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба кишварҳои гуногуни олам сафар мекарданд, имрӯзҳо дар  ватани азизамон тамоми имкониятҳо барои гузаронидани тамоми намуди ҷарроҳиҳо муҳайё мебошад.

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  имрӯзҳо мутахассисони ватанӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ нодиртарин ҷарроҳиҳо дар шараёнҳои майнаи сарро бомуваффақият амалӣ карда истодаанд.

Ин навбат табибони шуъбаи номбурда ба як нафар бемори 21 сола, ки баъд аз ҳолати малформатсияи артерио-венози пайдо шудани гематомияи дохилимағзӣ қарор дошт, амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд.

Ба гуфти Назрулло Раҳимов, табиби шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро якҷо бо ҳамкасбони хеш гузаронидааст, чунин нуқсони модарзодӣ, яъне ҷой доштани малформатсияи артерио-венози шараёни майнаи сар, ки дар натиҷа гематомаи дохилимағзӣ ба вуҷуд меояд, ба оризаҳои вазнин ва ҳатто кафидани он ба фавти бемор ҳам оварда мерасонад.

Ҳамин тавр, зимни амалиёти ҷарроҳӣ гирифтани гематомияи дохилимағзӣ ва бурида гирифтани нуқсони паталогӣ, яъне гирифтани малформатсияи артерио-венози анҷом дода шуд, ки дигар хавфи пайдо шудани аломатҳои ғайриневрологӣ ва гематомияи дохилимағзӣ дар бемор ғайриимкон мебошад, зеро ба воситаи ин ҷарроҳӣ нуқсон пурра бартараф карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар шуъбаи мазкур дигар усулҳои нави ҷарроҳӣ, аз қабили ҷарроҳиҳои гузоштани анастомозҳои шараёнҳои майнаи шараёни сар нуқсон ва патологияҳои шараён ва варидҳои майнаи сар, ба монанди аневризмҳо, малформатсияи артерио-венози, бемории Моя-Моя, атеросклероз, стеноз ва окклюзияи шараёни хоби майнаи сар ва дигар бемориҳои ба косахона ва майнаи сар ва сутунмуҳра алоқаманд гузаронида мешаванд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ташхис ва амалиёти ҷарроҳиҳо дар шараёнҳои майнаи сар солҳои қабл бинобар сабаби кам будани малакаҳои амалӣ ва набудани таҷҳизоти ҳозиразамон дар кишвар гузаронида намешуданд. Аз ин лиҳоз беморон барои ташхис ва табобат ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, ки ин сарфи зиёди вақт ва маблағро талаб мекард.

Хушбахтона, бо фароҳам овардани шароиту  имконоти мусоиди ташхису табобат, баланд бардоштани донишу малака ва таҷриба имрӯзҳо чунин беморон дар кишвар бо ташхисҳои ҳозиразамон ва усулҳои муосири ҷарроҳӣ табобат карда мешаванд.

Назрулло Раҳимов, табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»  мегуяд, нишонаҳои асосии  пайдо шудани чунин бемориҳо пайдо шудани дарди сар, ки ягон маводи табобатӣ дардро нест карда наметавонад, пайдо шудани хироз дар гушҳо, карахтӣ дар дастон ва пойҳо, инчунин бо мушкилии суханронӣ кардан дучор шудан, фаромӯшхотирӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Дар чунин ҳолат беморон бояд ҳатман аз ташхиси иловагӣ, яъне муайян намудани гардиши хун дар майнаи сар гузаранд.  Ҳамзамон беморон бояд аз муоинаи табибони ҷарроҳи асаб низ гузаронида  шаванд, ки ин ҳолат барои пешгирии оризаҳо аҳамияти калон дорад.

Ёдовар мешавем, ки Назрулло Раҳимов, табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»   моҳи апрели соли равон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи такмили ихтисос дар мавзуи бемориҳои ҷарроҳии асаб (чарроҳӣ ва барқароркунии нуқсонхои шараёну варидҳои майнаи сар, принсипҳои микрохирургӣ дар ҷарроҳии асаб, усули ҷарроҳӣ ва дастрасткунии асоси косахонаи сар ва қисмҳои базалӣ ва сутуни майнаи сар, бемориҳои дегенеративӣ, ревматоидӣ, деформатсионии сутунмуҳра) дар раванди омӯзиш дар Институти нейроҷарроҳии Барроу фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардида буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Search