“Шифобахш”. Аввалин маротиба дар Тоҷикистон яке аз амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии кӯдакона бомуваффақият гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии анаректалӣ, ба монанди клоака, ки дар кӯдакон модарзодӣ ба мушоҳида мерасад, дар як навзоди 6-моҳа бомуваффақият гузаронида шуд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, чунин нуқсон дар духтарҳо бинобар сабаби набудани маҳбал, рудаи рост ва роҳи пешобдон, ки онро дар тиб клоака низ мегуянд, ба назар мерасад ва ҳамаи ин узвҳо ба воситаи як гузаргоҳ ба берун кушода мешаванд.

Раҳмонов Шоҳин Ҷалолович, номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва кудакони синну соли ширмаки Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” иброз медорад, ки то кунун дар муассисаи болозикр чунин ҷарроҳиҳо гузаронида намешуданд ва танҳо этапи якуми табобати ингуна беморон бо роҳи гузоштани сигмастом иҷро карда мешуду халос.

Дар ҳамин замина, номбурда иброз медорад, ки барои табобати чунин беморони модарзодӣ дар соҳаи тиб этапҳои пай дар пай гузаронида мешаванд, аз ҷумла барои этапи дуюмро иҷро кардан, яъне амалиёти ҷарроҳӣ ба роҳ мондан, бояд гузаргоҳи ахлот аз паҳлуи шикам қатъ карда ва ба ахлот аз паҳлуи чап сигмастома гузоронидан лозим аст. Аз ин ру, то кунун бинобар сабаби бисёр душвор будан этапи дуюми табобати ингуна беморон иҷро карда намешуд.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, дар дунё нуқсони модарзодии анаректалӣ намуди клаака аз 50 ҳазор ҳолати таваллуд дар 1-2 кӯдак ба назар мерасад.

Ҳамин тавр, дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ нахуст ба бемор буриши қафои сагиталӣ иҷро гардидаву рудаи рости бемор ёфта шуда, он аз носуле, ки дар маҳбал кушода мешуд, ҷудо ва худи маҳбал озод гардида, дар натиҷа гузаргоҳи умумӣ кушода шуда, дар бемор амалиёти ҷарроҳии ректопластика, гинопластика ва уретропластика гузаронида шуд.

Амалиёти ҷарроҳии мазкур зиёда аз 6 соат давом ёфта, хушбахтона он бидуни ориза ва бе хунрезӣ бомуваффақият анҷом дода шуд.

Номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва кудакони синну соли ширмаки Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” Раҳмонов Шоҳин Ҷалолович иброз медорад, ки агар чунин беморон саривақт ҷарроҳӣ карда нашаванд, сирояти болораванда бо роҳи ҷинсӣ ба роҳи пешобдон таъсири манфӣ расонида, беморро ба норасогии кори гурда, бенаслӣ ва дигар оқибатҳои ногувор ва то ҳатто ба марг оварда мерасонад.

Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон дар самти табобати бемориҳои кудакона бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар рушди ҷарроҳии кудакона низ дар баробари дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Табибони шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва кудакони синну соли ширмаки Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” кушиш доранд то тамоми амалиётҳои нодири ҷарроҳии кӯдакона дар ватани мо гузаронида шуда, беморон бо сарфи зиёди маблағ ва вақт барои табобат ба хориҷи кишвар нараванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search