Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Санаи 12-уми феврали соли равон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтару хубтар гардидани имкониятҳои илмию таълимӣ дар муассиса бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040» бо иштироки бевоситаи муовини раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Юлдошзода Бунафша, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, директори Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Ӯнал, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобоҷон Маҳмадализода дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” озмоишгоҳи анатомӣ, озмоишгоҳи тиббии физика, озмоишгоҳи химиявӣ, озмоишгоҳи тиббии биология ва бинои маркази тестӣ ифтитоҳ карда шуд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳҳо ва бинои маркази тестӣ гуфта шуд, ки Озмоишгоҳҳои мазкур баҳри амалишавии ҳадафҳои бистсолаи мазкур иқдоми нек ва саривақтӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳҳо бо дастгоҳҳои таълимии сатҳи зарурӣ – воситаҳои техникӣ, электронӣ, аёнӣ ва мизу курсиҳои зарурӣ таъмин мебошад.

Инчунин, аз ҷониби масъулини муассиса маълумот дода шуд, ки корҳои озмоишӣ бо тамоми маводи зарурӣ омода буда, донишҷӯён метавонанд ҳангоми амалии онҳо маълумотҳои бештар пайдо намоянд.

Дар фарҷом директори муассиса Комилҷон Дустмуродзода ба меҳмонон изҳор дошт, ки дар умум ифтитоҳи озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ ва бинои маркази тестӣ дар муассиса баҳри устодону кормандон ва донишҷӯён дастоварди назаррас ва туҳфаи арзанда дар доираи татбиқи ҳамаҷонибаи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search