Иштирок ва суханронии Зулфия Абдусаматзода дар конференсияи минтақавӣ доир ба «Идоракунии тағйиротҳо: роҳҳои ба инсон нигаронидашудаи устувории демографӣ»

Рӯзҳои 7 ва 8-уми майи соли 2026 дар шаҳри Скопеи Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ конференсияи минтақавӣ оид ба устувории демографӣ дар мавзуи «Идоракунии тағйиротҳо: роҳҳои ба инсон нигаронидашудаи устувории демографӣ» баргузор гардид, ки дар он Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуд.

Конференсияро Сарвазири Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ ифтитоҳ намуд, ки дар он намояндагони 25 давлати дунё иштирок доштанд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯзи якуми конференсия маърӯза намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ ва Фонди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид барои баргузор намудани ин конфронс, ки устувории демографиро ҳамчун масъалаи калидии рӯзномаи муосири байналмилалӣ муқаррар мекунад, миннатдории самимӣ баён кард.

Ҳамзамон, дар маърӯза қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ бо дарки возеҳи имкониятҳо ва масъулиятҳои худ муносибат мекунад.

“Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳо бо пиршавии аҳолӣ ва коҳиши қувваи корӣ рубарӯ ҳастанд, Тоҷикистон кишвари ҷавон ва босуръат рушдкунанда аст. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аҳолӣ қариб ду баробар афзуда, ҳоло ба зиёда аз 10,7 миллион нафар расидааст ва тақрибан 70 фоизи аҳолӣ то 35-сола мебошанд”-иброз дошт номбурда.

Дар рӯзи дуюми конференсия низ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маърӯза баромад намуда, қайд кард, ки вазъи демографии Тоҷикистон бо афзоиши устувори аҳолӣ, шумораи зиёди ҷавонон ва тамоюлҳои мусбат дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ ва тандурустӣ тавсиф мешавад. Дар маҷмӯъ, ин омилҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар имкониятҳои назаррас фароҳам меоранд ва ҳамзамон аз ҷониби давлат равиши системавӣ ва стратегиро талаб мекунанд.

Дар ҳошияи чорабинии болозикр Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Президенти Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ низ вохӯрӣ намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译