Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ
Рақами лоиҳа: 59108-001
Агентии иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ грант дастрас намуд. Амнияти тандурустӣ ва расонидани хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар Тоҷикистон тавассути таќвияти самтҳои гендерӣ ва устувории иқлим беҳтар хоҳад шуд.
Натиҷаи пешниҳодшудаи лоиҳа ин аст, ки амнияти тандурустӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои устувори гендерӣ ва иқлим беҳтар карда шавад.
Лоиҳа дар 4 натиҷаи пешниҳодшуда дорад:
Натиҷаи 1: Иқтидори пешгирии бемориҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустии ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои вуруд беҳтар карда шуд;
Натиҷаи 2: Иқтидори омодагӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба пандемия беҳтар карда шуд;
Натиҷаи 3: Иқтидор ва самаранокии хизматрасонии санитарӣ ва эпидемиологӣ беҳтар карда шуд; ва
Натиҷаи 4: Устувории низоми нигоҳубини аввалияи тиббӣ барои идоракунии бемориҳои сироятии нав, хатари саломатӣ вобаста ба иқлим ва беҳтар кардани SRHR.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИАҶТ) ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КБО назди ҶТ) амалӣ карда мешавад.
Таҳти назорати ВТҲИАҶТ Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода мешавад. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, харид, маъмурияти ҳаррӯза, мониторинг ва гузоришдиҳӣ масъул хоҳад буд.
Давраи тахминии татбиқи лоиҳа аз ноябри соли 2026 то декабри соли 2031 5 солро ташкил медиҳад.
Дар ин робита, Агентии иҷроия мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун барои ишғоли вазифаҳои зерин даъват мекунад:
1. Менеҷери лоиҳа (Terms of Reference)
2. Сармутахассис оид ба молия (Terms of Reference)
3. Сармутахассис оид ба харид (Terms of Reference)
4. Ҳамоҳангсози сармутахассис оид ба фаъолиятҳои солимии ҳайвонот (Terms of Reference)
Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ барои номзадҳо чунинанд:
Менеҷери лоиҳа
(i) Дараҷаи магистр дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, идоракунӣ, илмҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ ё соҳаи марбут ба онҳо;
(ii) Ҳадди ақал 12 сол таҷрибаи умумии корӣ бо ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи роҳбарӣ/назоратӣ дар соҳаи идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳа, бештари таҷриба дар соҳаи тандурустӣ ё рушди байналмилалӣ;
(iii) Таҷрибаи идоракунии лоиҳаҳои бисёрдонорӣ, аз ҷумла бо: созмонҳои байналмилалӣ, бонкҳои бисёрҷониба ё ниҳодҳои давлатӣ, бартарӣ хоҳад дошт;
(iv) Бо назардошти мураккабии идоракунии лоиҳа, номзади афзалиятнок бояд таҷрибаи қаблии идоракунии лоиҳаҳои БОР ё дигар лоиҳаҳои маблағгузории бонки рушди бисёрҷониба дошта бошад;
(v) Таҷрибаи ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон бартарӣ ҳисобида мешавад;
(vi) Малакаҳои аълои муошират ва идоракунӣ, қобилияти кор дар як даста ва зери фишори мӯҳлат;
(vii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ. Забони англисӣ афзалият дорад.
Сармутахассис оид ба молия
(i) Ҳадди ақал дараҷаи магистр ё баробар ба он дар соҳаи баҳисобгирӣ, молия ё иқтисод;
(ii) Ҳадди ақал 8 сол таҷрибаи касбӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ/идоракунии молиявӣ;
(iii) Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд (масалан, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд);
(iv) Дониши хуби тартиби идоракунии молиявӣ ва пардохтҳои Бонки Осиёии Рушд;
(v) Дарки хуби Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии бахши давлатӣ;
(vi) Дониши қонунгузории баҳисобгирӣ ва андози Тоҷикистон;
(vii) Дониш ва таҷрибаи кор бо барномаи баҳисобгирии 1-C;
(viii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст, забони англисӣ афзалият дорад.
Сармутахассис оид ба харид
(i) Доштани дараҷаи бакалавр, бартарият дараҷаи магистр дар соҳаи муҳандисӣ, харид, иқтисод, идоракунии тиҷорат, ҳуқуқ ё соҳаҳои марбут ба он талаб карда мешавад;
(ii) Ҳадди ақал доштани 5 сол таҷриба ба ҳайси мутахассиси харид дар муассисаи давлатӣ ё хусусӣ;
(iii) Ҳадди ақал 3 сол кор дар вазифаҳои марбут ба харид дар доираи лоиҳаҳои маблағгузории БОР, БҶ, БАТР ё дигар ММБ;
(iv) Дониши хуби дастурҳои хариди БОР талабот ва тартибот талаб карда мешавад;
(v) Таҷриба дар коркарди шартномаҳо (тибқи расмиёти БОР, ба шарти тендери рақобатии кушода бо таблиғоти байналмилалӣ) дар таъмини мол ва хизматрасонии машваратӣ афзалият дорад;
(vi) Донистани расмиёти хариди давлатии Тоҷикистон;
(vii) Дониши аълои кории шарҳҳои дахлдори ТИ (MS Word ва Excel); ва
(viii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.
Ҳамоҳангсози сармутахассис оид ба фаъолиятҳои солимии ҳайвонот
- Дараҷаи магистр дар соҳаи тибби байторӣ, саломатии ҳайвонот, эпидемиология ё соҳаи марбут;
- Ҳадди ақал 7 соли таҷрибаи касбӣ дар соҳаи саломатии ҳайвонот, хизматрасонии байторӣ ё назорати бемориҳои зоонозӣ;
- Таҷрибаи исботшуда дар Як Саломатӣ, назорати бемориҳои зоонозӣ ё ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ;
- Таҷрибаи кор бо муассисаҳои давлатӣ ва/ё шарикони байналмилалии рушд (БОР, ФAO, Бонки Ҷаҳонӣ ва ғайра);
- Таҷриба дар татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ, барномаҳои саҳроӣ ё рушди бахши чорводорӣ хеле матлуб аст;
- Шиносоӣ бо расмиёти харид ва татбиқи лоиҳаҳои шарикони рушд бартарӣ дорад;
- Малакаҳои қавии таҳлилӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муошират;
- Қобилияти кори самаранок дар дастаҳои бисёрсоҳавӣ;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист; донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки резюмеи худро тавассути почтаи электронии rrahimova88@gmail.com бо нусха khurshedkarimov74@gmail.com ирсол кунанд.
Лутфан, унвони вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ қайд кунед.
Лутфан, қайд кунед, ки резюме/резюмеи шумо бояд дар шакли қабулшуда аз ҷониби Агентии иҷроия бо забони англисӣ ирсол карда шавад. (ADB Format) ва бо забони тоҷикӣ (Маълумотнома). Pезюме/CV набояд аз панҷ (5) саҳифа зиёд бошад.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан аз соати 9:00 то 17:00, аз душанбе то ҷумъа бо суроғаи зерин тамос гиред.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кӯчаи Шевченко, 69, Душанбе, Тоҷикистон (ошёнаи 10).
Мӯҳлати охирини пешниҳоди резюме/CVҳо 03 июли соли 2026, соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Интихоб мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби мутахассисони инфиродии Бонки Осиёии Рушд анҷом дода мешавад.
Танҳо номзадҳои мувофиқ дар асоси резюме ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.


