ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03-юми сентябри соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва доираи васеи кормандони соҳа ширкат варзиданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Баъдан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар шахсияи онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро ба ифтихори фарорасии ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд.

Гуфта шуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ қадру манзалати озодӣ ва истиқлолро амиқ дарк намуда, барои ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо ҳамеша талош менамоянд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти худро дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлат эҳсос мекунад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд.

То рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд”.

Зикр гашт, ки ин суханони пурмуҳтаво мо кормандони сохторҳои давлатиро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳидоят менамоянд.

Дар ҳақиқат ҳам таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.

Дар ин росто, қайд гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.

Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Бояд гуфт, ки агар то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 2860 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ин шумора имрӯз ба 5313 адад расонида шудааст. Дар ин давра 3265 муассисаи тандурустӣ сохта ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз ин шумора бунёди 873 муассиса ба солҳои 2020 то шашмоҳаи соли 2026 рост меояд.

Танҳо дар шаш соли охир дар кишвар 3639 муассисаи тиббӣ аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат марҳила ба марҳила хуб гардида, дар натиҷа вазъи соҳа назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бамаротиб беҳтар карда шавад.

Дар ин давра баҳри бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ низ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Махсусан, дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳа барои харидории таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ, молҳои тиббӣ ва нақлиёти санитарӣ беш аз 2 миллиарду 353 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дастоварди муҳими дигари соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар ин давра-ин ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба шумор меравад.

Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал дар ҷумҳурӣ муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ дастрас гашта, амалиётҳои ҷарроҳии пайванди узвҳо (гурда, ҷигар), ивази буғум, амалиётҳои ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ–гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиётҳои ҷарроҳии пластикӣ, табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҳомиладоркунии сунъии занҳо ва даҳҳо усулҳои нави ташхису табобати дигар ба роҳ монда шуданд.

Баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.

Яъне, соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешравиҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Ҳамаи ин тадбирҳо ба як ҳадафи муҳим-беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин давра дар самти истеҳсоли доруворӣ низ дар мамлакат тағйироти назаррас ба вуҷуд омад.

Масалан, агар то замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ танҳо як корхонаи фарматсевтӣ фаъолият мекард, имрӯз дар кишвар 71 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, зиёда аз 634 намуд дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол ва коркард карда мешавад.

Дар баробари рушди заминаи моддию техникии соҳа, масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос низ аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро бинои нав бе табиби соҳибкасб, таҷҳизоти муосир бе мутахассиси донишманд наметавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Зимни баромади табрикотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ низ андешаронӣ кард.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ як қатор кормандон ва нафарони саҳмгузор дар рушди соҳа, аз ҷумла Ораш Алоӣ, машваратчии калони байналмилалӣ бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико/роҳбари Маркази тандурустии глобалии Донишгоҳи Иёлатии Калифорния бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ва пешниҳоди суруду таронаҳои саршор аз васфи Ватан ва Истиқлолияту озодӣ анҷомбахши ҳамоиши идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器