Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Имрӯз, 9-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини вазир Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии илмӣ ва тиббию табобатӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур рафти фаъолияти мунтазами муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар давраи зимистон, ҳарчи бештар ба такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани табибони ватанӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ворид  намудани усулҳои нави ташхису табобат,  пешгирии фавти модару кӯдак, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи одоби муошират бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати  хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба  масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search