Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Имрӯз, 13-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатмурод  Олимов, сардоронияк қатор раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат   иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатмурод Олимов Дастурамалҳо оид ба идоракунии сифати хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарнамоии пайвастаи сифат дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  сарпарастии дастгирикунанда  ва устодӣ, ҷиҳати беҳтар  кардани сифати хизматрасонии тиббиро муаррифӣ ва ба самъи иштирокчиён расонид.

Гуфта шуд, ки ҳадаф ва мақсад аз таҳияи дастурамалҳои мазкур-ин пеш аз ҳама боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баратараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва тибқи талаботҳои замон ба роҳ мондани фаъолияти соҳа ба шумор меравад.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин-роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Search