Ҳабибулло Хайруллозода бо раванди хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ёвон шинос шуд

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо раванди фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон” дидан ба амал овард.

Дар ҷараёни сафари корӣ номбурда бо фаъолияти муассисаҳои болозикр аз наздик дидан намуд.

Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шиносоӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳолати санитарию эпидемиологӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бо масъулини соҳаи тандурустии ноҳия масъалаҳои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро баррасӣ намуд.

Дар навбати худ номбурда иброз дошт, ки бояд муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои муътадил гузаронидани давраи зимистон ҳамаҷониба омодагӣ бубинанд, то раванди хизматрасонӣ ба беморон ва бошандагон боз ҳам хуб ба роҳ монда шавад.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии болозикр аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҳабибулло Хайруллозода ба масъулини онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search