Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Имрӯз, 19-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории расмии тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар кишвар дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, намояндагони як қатор  вазорату идораҳо ва шарикон оид ба рушд низ иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ  баргузор карда шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, оид ба мақсаду ҳадафҳо ва кисматҳои лоиҳа маълумот манзур намуд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдории солимии аҳолӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти ғизо ва ғизои солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла дар ин самт дар кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифта, фаъолият дар ин самт бомаром идома дорад.

Бо ҳамин мақсад, соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати ҳифзи солимии модару кўдак витаминҳо ва микронутриентҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  карда шуданд.

Айни ҳол тақсимоти витаминҳо ва микронутриентҳо мувофиқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз гардида, мутахассисони соҳаи тандурустӣ тибқи рӯйхат онҳоро дастраси эҳтиёҷмандон мегардонанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Search