Ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар баори таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта”

07-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта: асосноккунии зарурати қабули қонун, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо” ҷаласаи машваратӣ баргузор гашт, ки дар кори он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода, роҳбари намояндагии Фонди Роза Люксенбург (Олмон) дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон Марлис Линке, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Нахуст дар ҷаласаи машваратӣ Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, иброз дошт, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Дар идома Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба “Муаррифии лоиҳаи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта”: асосноккунии зарурияти таҳия ва қабул гардидани лоиҳаи қонун” ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Сипас, аз ҷониби як қатор иштирокчиёни ҷаласа доир ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур фикру андешаронӣ сурат гирифта, дар умум масъалаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта: асосноккунии зарурати қабули қонун, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо” то санаи 08-уми июл давом мекунад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Зулфия Абдусаматзода бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон шинос шуд

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баррасии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2025

Кӯҳистони Мастчоҳ: Машварати корӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ

Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Президенти Тоҷикистонро қайд карданд

Search