Ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунанда оид ба лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”

23-юми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунанда оид ба лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Сейҷу Имай, намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ибрози андеша кард.

Бояд гуфт, ки баррасии масъалаҳои мубрами лоиҳаҳо дар чунин чорабиниҳо барои ҳалли мушкилот ва банақшагирии қадамҳои минбаъда дар доираи лоиҳаҳо мусоидат менамоянд.

Имрӯз дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ яке аз лоиҳаҳои намунавӣ дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ амалӣ шуда истодааст, ки чорабиниҳои он ба самтҳои афзалиятноки кумаки аввалия, ба монанди пешгирӣ, дарёфт ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, беҳтаркунии назорати антенаталии занони ҳомила, беҳтаркунии ғизо ва пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои тандурустӣ равона карда шудааст.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур дар чор ноҳияҳои таҷрибавӣ 8 адад марказҳои саломатии деҳотӣ интихоб гардида, чорабиниҳои лоиҳавӣ самаранок амалӣ шуда истодаанд.

Қайд гардид, ки пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ мушкилоти ҷаҳонӣ буда, имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он мубориза мебарад.

Дар фарҷом бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда оид ба лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search