05-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) баргузор гашт, ки дар кори он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, шарикон оид ба рушд, доираи васеи роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.
Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.
Пасон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфт.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки таҳлили татбиқ ва банақшагирии амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар ҳамкорӣ ва бо иштироки шарикон оид ба рушд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони масъули соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Стратегияи мазкур самтҳои муҳими ислоҳоти низоми тандурустӣ ва рушди хизматрасониҳои тиббиро муайян намуда, беҳтарсозии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро таъмин менамояд.
Бо мақсади муайян намудани маҷмӯи чорабиниҳои мушаххас барои татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар давраи миёнамуҳлат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №197 “Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ карда шуд. Дар баробари ин, барои сафарбар намудани тамоми захираҳои мавҷудаи ватанӣ ва шарикон оид ба рушд ҷиҳати самаранок ва саривақт амалӣ намудани ҳуҷҷати мазкур, дар санаи 13.05.2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои алоқаманд ва ташкилотҳои донорӣ “Форуми байналмилалӣ оид ба сармоягузорӣ ба тандурустӣ” барпо карда шуда, “Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муаррифӣ гардид.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 декабри соли 2024 дар баробари дигар бахшу соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба беҳтар намудани тарбияи кадрҳои тиббӣ як қатор дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд, аз он ҷумла Пешвои муаззами миллат чунин қайд намуданд:
“Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд”.
Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад”.
Тавре зикр гардид, рушди заминаи ҳуқуқӣ ва моддии техникии муассисаҳои тандурустӣ яке аз афзалиятҳои муҳими соҳа дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2024 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими соҳа қабул гардида, лоиҳаҳои 3 қонун ва 6 қарори дигар барои баррасӣ ирсол карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳа афзоиш ёфта, ислоҳоти бомароми самти мазкур идома дорад. Қобили қайд аст, ки дар кишвар танҳо соли гузашта 115 муассисаҳои тандурустӣ сохта шуда, 366 муассиса аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 206,3 млн сомонӣ дору, молҳои тиббӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дастрас гардиданд. Дастрасии таҷҳизотҳои ҳозиразамон имкон дод, ки дар самти ташхису табобат 94 навоварӣ ворид карда шавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 20 адад зиёд мебошад.
Масъалаи ҳифзи солимии модару кӯдак яке аз афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои бунёдии соҳа ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 сола ба 11,8 нисбат ба 1 000 зиндатаваллуд (соли 2023 – 12,0) ва то 5 сола ба 14,0 промил (соли 2023 – 14,4 промил) ба 1000 зиндатаваллудро ва нишондоди фавти модарон дар соли 2024 ба 24,5 нисбат ба 100000 зиндатаваллуд баробар гаштааст.
Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. То моҳи декабри соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 22003 нафар табиб ва 63434 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,0 ва 1,6 % зиёд мебошад Дар соли 2024 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 15008 нафар кормандони соҳа ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1291 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 493 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 87 нафар зиёд мебошад.
Дар идомаи суханронии хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати татбиқи самараноки стратегияи мазкур тасмим гирифтааст, ки ҳама саъю кӯшиш ва захираю имконияти худро баҳри нигоҳ доштан ва пурзӯр намудани потенсиали кадрии соҳа, баланд бардоштани амният, сифат ва дастрасии кӯмаки тиббию иҷтимоӣ, таъсис додани инфрасохтори муосири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии давлатӣ ва хусусӣ, таъмини вазъи баланди иҷтимоии кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ равона намояд.
Баъдан, Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва шарикон оид ба рушд низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.
Дар идомаи ҷаласа оид ба “Фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ дар чорчубаи нақшаи амал барои солҳои 2024-2026” Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дастовардҳо, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Мукаммалсозии хизматрасонҳои тавонбахшӣ дар тамоми самтҳои хизматрасонии тиббӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Паёмҳои асосӣ аз “Саммити оянда” ва ҷузъи саломатии “Паймонҳо барои оянда” Игор Поканевич, намояндаи Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Швейтсария, “Саҳми шарикони рушд дар татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Илкер Даштан, мушовир оид ба сиёсати тандурустии Намояндагии доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рушди сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рафти иҷрои нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2024 ва вазифаҳо то соли 2030” Бандаев Илҳом, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Мукаммалсозии раванди маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Фазлиддин Асомудинов, сармутахассиси Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.
Бо ҳамин ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) ба охир расида, дар охир резолютсияи саммити мазкур қабул гардид.