Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Давлати Қатар

Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Давлати Қатар Мансур бин Иброҳим Ал-Маҳмуд мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои гуногунсамтаи ду кишвар, ки дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвар ба миён омадаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни ҳол дар марҳилаи рушд қарор дошта, имкониту зарфиятҳои зиёде баҳри тақвият бахшидани онҳо мавҷуд аст.

Дар ин замина, ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Давлати Қатар Мансур Бен Ибрагим Ал-Маҳмудро барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search