Ҷамъбасти аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”

Имрӯз, 11-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ», ки аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар доир гардид, баргузор гашт, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъулин, ки дар баргузории чорабинии мазкур саҳмгузор буданд, ширкат варзиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки аксияи мазкур дар сатҳи хуби ташкилӣ ва дар доираи нақшаи тасдиқшуда баргузор гашта, тамоми чорабиниҳои дар назардошта гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, шурӯъ аз 6 апрел то 8 апрели соли равон дар асоси нақшаи чорабинии аксияи болозикр дар сатҳи ҷумҳуривӣ, муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо Рӯзҳои дарҳои кушод ва маъракаҳои ташхису муоина ва машварати ройгони тиббии шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин, як қатор семинарҳо бо иштироки мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баҳри баланд бардоштани савияи донишу малака ва таҷрибаи кории табибони кишвар гузаронида шуданд.

“Бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузории аксияи “Ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки давоми 4 рӯз дар кишвар идома ёфт, баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат боз як қадами устувор гузошт ва ҳамзамон баргузории чорабинии мазкур таҷрибаи хубе шуд барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки минбаъд низ чунин маъракаҳои солимгардониро ба таври васеъ дар кишвар ба роҳ монанд”,-иброз дошт номбурда.

Сипас, ба он нафароне, ки дар баргузории ин маъракаи умумиҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома тақдим карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search