Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа” иштирок ва суханронӣ кард

24-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи муштараки ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа» баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти як қатор сохторҳои давлатӣ ва доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок доштанд.

Конфронси мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Дар ин конфронс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Тавре гуфта шуд, давоми солҳои охир маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ омилҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳа ба маротиб коҳиш ёфта истодааст.

Маҳз ба роҳ мондани фаъолияти муштарак бо сохторҳои марбутаи кишвар, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони соҳа доир ба оқибатҳои номатлуби ин падидаи хатарзо ва андешидани дигар тадбирҳои муассир метавонанд дар решакан намудани коррупсия дар ҷомеа нақши муҳим бозанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода барои саҳмгузорӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо медали агентии мазкур “Барои ҳамкорӣ” қадрдонӣ карда шуд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ анҷомбахши конфронси мазкур буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search