Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ  ба  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд.

Иншооти нави саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Икром Набиев таъсис ёфтааст.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандорӯ ва система барои доруи қатрагӣ буда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад.

Хатҳои технологии корхона тавлиди бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, иқтидори лоиҳавии он  дар як сол 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад.

Барои банду басти маҳсулоти ниҳоӣ коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полиэтеленӣ низ фаъолият менамояд.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни истеҳсолот аз ҷониби 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо риояи талаботи стандартҳои дохилу хориҷ сурат мегирад.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дастрасии шаҳрвандон ба чунин молҳои тиббиро  таъмин менамояд.

Тибқи нақша дар ояндаи наздик хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки баробари зиёд гардидани номгӯи маҳсулот ҳамчунин ба таъсиси боз 40 ҷойи кории нав замина мегузорад.

Маҳсулот қабл аз ба муомилот баровардан дар озмоишгоҳи корхона бо усули махсус санҷида шуда, бехатарии он пурра таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои саноатиро дар  рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ қадами ибратбахш арзёбӣ намуданд.

Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи «Сино медикал», ки ба татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд, шумораи корхонаҳои дорусозӣ ва молҳои тиббӣ дар вилояти Суғд ба ҳафт адад расид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ афзалияти хоса дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино – Медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ин гуна ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Тоҷикистон | Хабарҳо (president.tj)

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search