Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти имтиҳонсупории хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ

Имрӯз, 6-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ташриф оварда, дар ҷараёни имтиҳонсупории хатмкунандагони донишгоҳи мазкур иштирок намуд.

Дар ин муассисаи олии таълимии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти баргузории сессияҳои имтиҳонӣ ширкат варзида, аз раванди гузаронидани санҷишҳоии имтиҳонии донишгоҳи мазкур шинос гашт.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳи таълимӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, беҳтар кардани фаъолияти кафедраҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди имтиҳонсупории донишҷӯён вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин ва устодони донишгоҳи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, ба табибони оянда дар ҷодаи имтиҳонсупорӣ барору муваффақиятҳо таманно намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search