Ба таваҷҷуҳи табибони кишвар. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” оғоз гардид

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026”-ро эълон менамояд.

Озмуни «Табиби сол – 2026» аз рӯи 35 самти соҳаи тиб баргузор гашта, ба ҳар кадом аз ихтисосҳои муайянгашта як нафар ҳамчун “Табиби сол-2026” муайян карда мешавад.

Вобаста ба оғози расмии озмуни мазкур 07-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки озмуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қадрдонӣ аз хизматҳои шоёни табибони муваффақ, ки баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзишманд доранд ва ҳамзамон бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Аз ин рӯ, баргузории озмуни мазкур бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дарак медиҳад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт.

Дар ин замина, қайд гардид, ки ҳамарӯза бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ дар тамоми кишвар гаштҳои пайваста ва ташхису муоинаи шаҳрвандон баргузор гардида, бо ин роҳ кормандони соҳа саҳми худро дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолии Ватани азизамон мегузоранд.

Маҳз натиҷаи чунин фаъолияти пурсамар аст, ки на танҳо беморон саривақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифта мешаванд, балки ин амал дар пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ низ нақши бориз мегузорад.

Бинобар ин, озмуни мазкур метавонад баҳри қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии табибоне, ки дар чунин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзидаанд, саҳми арзишманди хешро гузорад.

Дар баробари ин, давоми чанд соли охир аст, ки табибони Тоҷикистон дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва дар амал иҷро кардани нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ низ хеле фаъол мебошанд.

Ҳамин аст, ки шумораи шаҳрвандони кишвар, ки барои ташхису табобат ба хориҷ мерафтанд, назар ба чандин сол қабл бамаротиб коҳиш ёфтааст ва ин раванд бори дигар аз рушди соҳаи тандурустии мамлакат дарак медиҳад.

Бо назардошти муваффақият ва дастовардҳои назаррас, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” қадами муҳим ва устувор дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии табибони мамлакат мебошад.

Дар озмуни мазкур табибони муассисаҳои давлатии тиббӣ, табибони муассисаҳои хусусии тиббӣ, таҳлилгарони озмоишгоҳӣ, мутахассисони соҳаи тадқиқоти инструменталӣ, табибони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, эпидемиологҳо, фарматсевтон, кормандони низоми ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ва кормандони саҳроҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида метавонанд.

Шартҳои асосии иштирок дар озмун:

— шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— синни аз 26 боло;

— доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассус;

— бақайдгирӣ ва пур намудани анкета дар сомонаи озмун samt.tj;

— пешниҳоди мақолаи илмӣ омавии тиббӣ ва дастовардҳои касбӣ аз руи ихтисос дар се соли охир дар сомонаи озмун то 30 июни соли 2026.

Марҳилаи 2 аз 30 июн то 30 июлро дар бар гирифта дар ин давра мақолаҳо, дастовардҳо ва навовариҳои касбии табибон дар сомонаҳои марбут ба озмун нашр гардида, фикру мулоҳизаҳои аҳолӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Шуруъ аз 01 июл то 30 августи соли 2026 баҳогузории дастовардҳо, навовариҳои касбии табибон бо иштироки сармутахассисони соҳавӣ баҳогузорӣ гашта, ғолибон муайян карда мешаванд.

Маросими расмии ҷамъбасти озмун ва тақдими ҷоизаҳо моҳи сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе доир гашта, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо дипломи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пули дар ҳаҷми 15-ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шумо метавонед маълумоти бештарро доир ба озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол 2026”-ро тариқи сомонаи марбут ба озмун https://samt.tj/ ва телефонҳои 712 005 005, 713 005 005, 714 005 005 ба даст оваред.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search