Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир шуд

16-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2026, №9-774 «Оид ба омодагирӣ бахшида ба «26-уми июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор»» ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки ҳамасола 26 июн дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз дошт, ки талошҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кӯмаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср ​ воқеан ҳам хеле назаррасанд.

Бо ин мақсад дар кишвар дар сатҳи баланди сиёсӣ тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар самти пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, нашъамандӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ аз ин амалҳои номатлуб фароҳам оварда шудаанд.

Вобаста ба ин масъалаи мубрам айни ҳол дар кишвар “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ гардидааст, амалӣ шуда истодааст. Дар ин раванд, тибқи талаботи банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025» таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Ҳамин тавр, иштироккунандагони мизи мудаввар мавзӯи «Вазъи нашъамандӣ, сӯиистеъмоли маводи доругии нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок чорабиниҳо дар самти мубориза, пешгирӣ, бақайдгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search