Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия конфронси илмию оммавӣ баргузор гашт

14-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия таҳти шиори “Баъди навмедӣ, басе уммедҳост” конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Тавре гуфта шуд, ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар 9 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият дошта, он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс зикр гардид, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Ҳамзамон, дар конфронси мазкур Наҷиб Азизӣ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҳимов Бекназар, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои хун, Дилшод Давлатзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” ва дигарон низ баромад намуданд.

Баъдан, дар тарабхонаи “Яккачинор”-и шаҳри Душанбе низ бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он 180-нафар шахсони гирифтори бемории гемофилия иштирок намуданд.

Зимни чорабинии фарҳангӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои соҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат анҷомбахши чорабинии мазкур буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search