Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ, пешгирӣ ва дарёфти бемориҳо дар байни аҳолӣ дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 апрели соли 2026, N9-38 “Дар бораи баргузор намудани чорабинии мутамарказонидашуда оид ба аксияи ҷумҳуриявӣ “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” имрӯз, 07-уми апрели соли равон дар тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯзи дарҳои кушод ва маъракаи ташхису муоина ва машварати ройгони шаҳрвандон баргузор гашт.

Дар доираи ин иқдом, сокинон ба хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ташхис, муоина ва машваратҳои мутахассисон ба таври ройгон фаро гирифта шуданд. Табибон ба шаҳрвандон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ ва нигоҳдории саломатӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба аҳамияти ташхиси саривақтӣ, пешгирии омилҳои хавф ва масъулияти шахсӣ нисбат ба саломатӣ роҳандозӣ гардиданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандон ба маълумоти зарурии тиббӣ дастрасӣ пайдо намуда, сатҳи маърифати солимии худро баланд бардоранд.

Қайд гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва пешгирии бемориҳо мебошад.



