Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи тандурустӣ

Имрӯз, 12-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфан Аҳмад вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зимни вохурӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Покистонро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳам мепайванданд.

Номбурда ҳамзамон зикр кард, ки “муносибатҳои дипломатии ду кишвар дар солҳои охир дар партави сиёсати роҳбарияти олии давлатҳо пайваста рушд ёфта, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, иқтисод ва фарҳанг густариш меёбад”.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба байни кишварҳо ба шумор рафта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки ҳамкориҳоро бо ниҳодҳои дахлдори Покистон дар тамоми самтҳои афзалиятноки соҳа тақвият бахшад.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ метавонад таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ду кишвар бошад. Бо дарназардошти таҷрибаи назарраси Покистон дар омода намудани кадрҳои тиббӣ, таъкид гашт, ки ҷонибҳо метавонанд масъалаҳои баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои табибони тоҷик ва роҳандозии омӯзишҳои фосилавӣ ва вебинарҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки тибро баррасӣ намоянд.

Инчунин, ҳамкориҳо дар самти ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ, тандурустии рақамӣ, фармасевтика ва таҷҳизоти тиббӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, солимии равонӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак зимни вохурӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи тандурустӣ аҳамияти махсус медиҳад ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки тавассути талошҳои муштарак метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Вохурӣ дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум доир гашта, ҷонибҳо баҳри тақвияти ҳамкориҳо дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори ҳавасмандӣ ва омодагӣ зоҳир карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译