Боздид аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ

10 июни соли 2026 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди хизматрасонии тиббӣ, вазъи фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар дидан ба амал овард.

Номбурда зимни сафари корӣ аз Маркази саломатии шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов» боздид ба амал овард.

Ҳамзамон, зимни ташрифи Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Бохтар масъалаи кӯчонидани Маркази саломатии шаҳри мазкур ба ҷои дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, дар ҷараёни боздид вазири тандурустӣ аз шуъбаҳои гуногуни муассисаҳои тандурустии мазкур дидан намуда, бо фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ, шароити ташхису табобат, таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз наздик шинос гардид.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода бо як қатор беморони бистарибуда, аз ҷумла модарони дар таваллудхона қарор дошта суҳбат анҷом дода, аз ҷараёни табобат ва шароити нигоҳубини онҳо пурсон шуд.

Зимни мулоқот беморон барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар гардидани шароити хизматрасониҳои тиббӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ин замина, таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаҳои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру тармими шӯъбаҳо зоҳир гардид.

Дар фарҷоми боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону масъулини муассисаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини муносибати нек бо беморон, риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译