Боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи тандурустӣ ва вохурӣ бо мутахассисони олмонӣ

17-уми июни соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи сили кӯдакона дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” дидан ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар иншооти навбунёди тандурустӣ корҳои васлу насби таҷҳизоту лавозимотҳо, мумфаршкунӣ ва сазбу хуррамгардонии назди муассисаи тандурустӣ бомаром идома доранд.

Аснои боздид ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои боқимонда аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода бо ду нафар табибони олмонӣ, ки дар доираи барномаи Бонки олмонии рушд барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба бо ҳамтоёни хеш дар самти ташхису табобати бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина дар Тоҷикистон қарор доранд, вохурӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки табибони олмонӣ ва мутахассисони маркази мазкур як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида хоҳанд шуд, ки ин иқдом баҳри баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Ғафур Муҳсинзода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони олмонӣ барои ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо бо табибони кишвар изҳори миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки ин иқдом баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search