Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Ҳисор

Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ин самт корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҳлил ва баррасии амиқи масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос мешавад.

Имрӯз, 12-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолият ва корҳои ободониву созандагӣ муассисаҳои тандурустӣ шинос гашт.

Дар доираи сафари кории хеш номбурда аз Маркази саломатии шаҳри Ҳисор дидан кардаву бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва шароиту имкониятҳои он шинос гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти сохтмон ва азнавсозии шуъбаи бемориҳои пуст ва зуҳравии Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор низ дидан кард.

Баъдан, зимни суҳбат бо масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили пешгирии фавти модару кӯдак, таъминотнокӣ бо мутахассисони соҳа ва ба курсҳои бозомузиву давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтани табибон, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарор дошта, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, истифодаи дурусти таҷҳизотҳои тиббӣ, боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search