Боздиди гурӯҳи корӣ аз иншооти навбунёди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

25 сентябри соли равон боздиди гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои сохтмонии иншооти тандурустии навбунёд дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар доираи маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Шамсиддин Шоҳин сохтмони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ ба анҷом расид.

Гурӯҳи кориро Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳа, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарон ва масъулони ширкати сохтмонӣ ва дигар мутахассисони гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.

Зимни сафар, гурӯҳи корӣ ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёди Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз 3 ошёна баҳои баланд доданд. Ҳамзамон вобаста ба ислоҳи нуқсон ва камбудиҳои ҷойдошта дар иншоот ва пурра омода намудани муассисаҳои тандурустӣ ба сохтмончиён дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз ташкил шудани гурӯҳи корӣ, шиносоӣ аз корҳои сохтмонии иншооти навбунёд ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта арзёбӣ шуда, инчунин омода намудани муассисаҳои болозикр ба қабули комиссияи расмӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалишавии Лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст.

Муассисаҳои бунёдгардида дар раванди амалисозии Лоиҳа бо муосиртарин дастгоҳ ва лавозимоти соҳавӣ таъмин карда шудаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search