Данғара. Конференсияи илмию амалӣ вобаста ба беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак

Дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара”-и вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, тақвияти донишу малакаи табибон ва пешгирии фавти модару кӯдак бо иштироки мутахассисони соҳавии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти бемориҳои акушерӣ- гинекологӣ конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти беморхонаи мазкур, мудирони шуъбаҳои таваллуд, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва акушер-гинекологҳои вилоят иштирок намуданд.

Зимни чорабинии мазкур аз тарафи мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба масъалаҳои актуалии соҳаи акушерӣ-гинекологӣ, пешгирии фавти модару кӯдак ва дигар самтҳои муҳими он маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории конференсияи мазкур-ин боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба, малакаи касбӣ, табодули таҷриба бо мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара барои мубодилаи таҷрибаи табибон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва гузаронидани ҷарроҳиҳои пайвандсозии гурда, ҷигар, мондани найчагузорӣ дар шараёнҳои дил ва дигар намуди ҷарроҳиҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, беморхонаи мазкур рушди ҳамкориро бо беморхонаҳо ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар тақвият медиҳад.

Масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, дар ин ҷода аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search