Данғара. Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа

11-уми июни соли равон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо рафти фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рафти корҳои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари корӣ нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти фаъолияти Маркази саломатӣ, Маркази солимии репродуктивӣ ва Маркази иммунопрофилктикаи ноҳияи болозикр дидан ба амал овард.

Аснои боздид аз муассисаҳои мазкур номбурда бо фаъолияти шӯъбаҳо, ҳолати таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ, ва ҷараёни хизматрасонӣ ба аҳолӣ шинос шуд.

Ҳангоми боздид аз шуъбаи омори Маркази саломатии ноҳияи мазкур Ғафур Муҳсинзода кормандони онро ба масъалаҳои ҳарчи саривақт гузаштан ба системаи рақамикунонӣ, омӯхтани нозукиҳои ин самт, ҳамкорӣ намудан бо Маркази омор ва иттилооти тиббии вазорат ҷалб намуда, дар ин самт ба роҳбарияти муассиса супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан, дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва бо иштироки роҳбарияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ, Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Данғара ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур ҷаласаи корӣ доир гашт.

Зимни ҷаласаи корӣ Ғафур Муҳсинзода дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро, ки санаи 10-уми июни соли равон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар дода шуданд, ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, фавти модару кӯдак, ҳарчи бештар ҷоннок намудани маъракаи ваксинатсия дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни кӯдакон, татбиқи “Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, таъминоти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо мутахассисон, ба курсҳои бозомӯзӣ ва даврҳои омӯзишӣ фаро гирифтани мутахассисон, назорати қатъии беморон, хусусан беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, назорати занҳои ҳомила ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Дар ин замина, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Данғара дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазир тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави Маркази саломатии ноҳияи Данғара низ шинос шуд.

Тавре маълум гардид, корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёди тандурустӣ бомаром идома дошта, он дар вақти муайяншуда мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search