Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар ноҳияи мазкур ҷаласаи корӣ доир шуд.

Дар ҷаласа ҳамзамон роҳбарият, кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ва мутахассисони соҳаи самти хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ширкат доштанд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи вазорат дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро дар самти боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак самъи ҳозирин расонид.

Тавре таъкид гардид, масъалаҳои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар доираи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Дар идомаи ҷаласа фаъолияти муассисаҳои тандурустии болозикр ва шуъбаҳои онҳо дар давраи соли 2025 дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда шуда, баҳри боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search