Дания: Иштироки Саломуддин Юсуфӣ дар иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

аз 28 то 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Копенгагени кишвари Дания иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо (СУТ) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ ва сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раъно Абдураҳмонзода иштирок намуданд.

Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин вазирон ва роҳбарони мақомоти соҳаи тандурустии кишварҳои узви СУТ барои минтақаи Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавии тандурустӣ, аз ҷумла стратегияи муҳими соҳавӣ-“Оғози солим барои ҳаёти солим” (барои солҳои 2026–2030) оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, “Инноватсия барои тандурустии ҷамъиятӣ” (барои солҳои 2025–2030) ва лоиҳаи “Пиршавӣ-зиндагии солим” (барои солҳои 2026–2030) муҳокима ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар баробари ин, зимни ҷаласа самтҳои рушди кумаки аввалияи тиббӣ, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ҷалби кумаки техникӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар низоми тандурустии миллӣ баррасӣ гаштанд.

Дар доираи иҷлосияи мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (UNFPA) мулоқот намуда, оид ба густариши ҳамкориҳои минбаъдаи соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо платформаи муҳими сиёсӣ ва касбӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ буда, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он барои пешбурди ҳадафҳои стратегии соҳаи тандурустии кишвар аҳамияти бузург дорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Search