Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Президенти Тоҷикистонро қайд карданд

Имрӯз, 14-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, муовинони директори агентӣ, кормандони соҳаи кори иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.

Иброз гардид, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар моддаҳои 65 -72 Конститутсияи Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент, инчунин салоҳияти Президент муқаррар карда шудаанд.

Қайд гардид, ки 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Дар баробари ин, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Ҳамин тавр, соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

“Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, мо – хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки бо масъулияти баланд баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва пойдории истиқлолияти давлатӣ пайваста ҷаҳду талош намуда, дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии шахсияти оламшумул, оқилу хирадманди миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем”,-иброз дошт директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search