Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Бо фароҳам гардидани шароиту имкониятҳои мусоид, дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамзамон гузаштан аз курсҳои такмими ихтисос ва даврҳои омӯзишӣ дар кишварҳои гуногуни олам ба табибони Тоҷикистон имкон дод, ки давоми солҳои охир нодиртарин усулҳои нави ташхису табобатро дар соҳаи тибби мамлакат амалӣ гардонанд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо дастрас гардидани таҷҳизоти муосир як қатор бемориҳоро, ки қаблан бо усули кушод, яъне бо буриши зиёди ҷисми бемор ҷарроҳӣ карда мешуданд, ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон ҷарроҳӣ намуданд.

Сайёдов Каримҷон Мирмаҳмадович, номзади илмҳои тиб, табиби ҷарроҳи муассисаи мазкур, ки якҷо бо мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин амалиётҳои ҷарроҳиро бо усули нав гузаронидааст, мегуяд, барои анҷом додани мураккабтарин ҷарроҳиҳо дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама гувоҳ аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.

Ба гуфтаи номбурда, ин навбат онҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон амалиётҳои ҷарроҳии урологӣ, гирифтани адиномаи прастата, амалиёти ҷарроҳии биолопластика ва гирифтани кистаҳоро ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон бо муваффақият гузаронида шуданд.

Тавре номбурда иброз медорад, дар амал ҷорӣ намудани усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар шифо ёфта, пас аз 2-3 рӯзи ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шаванд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, табобати ингуна беморон, ки қаблан ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мегашт, дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор, инчунин давомнокии табобати онҳоро низ дароз мекард.

Табибони Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” барои табобати чунин бемориҳо бо усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ курси лапораскопиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаштаанд ва онҳо минбаъд мустиқилона метавонанд чунин усулҳои нави ҷарроҳиро дар кишвар амалӣ намоянд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, аз курҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос гузаштани табибон дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ коҳиш додани муроҷиати шаҳрвандон, ки барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар мераванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳалли масъалаву мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд.

Дар ҳамин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки танҳо соли 2024 бо дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имкон даст дод, ки дар самти ташхису табобат 94 навоварӣ ворид карда шавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Аз 94 навгониҳои ворид кардашуда, 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ буда, 66 навгонии дигар, аз он ҷумла, ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сухтагӣ ва шунавоиро дарбар мегиранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search