Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Имрӯз, 19-уми декабри соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ташриф оварда, бо фаъолияти муассисаи мазкур шинос гашт.

Дар муассисаи мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз фаъолияти шуъбаҳо, аз ҷумла шуъбаи кимиёдармонӣ ва ёрии паллиативӣ дидан ба амал оварда, доир ба ҷараёни хизматрасонии онҳо аз масъулин пурсон шуд.

Ҳамзамон, номбурда дар муассисаи мазкур бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гашта, бо онҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва одоби муоширати табибон суҳбат анҷом дод.

Дар ин замина, иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми шуъбаҳои муассиса доир ба озод будани харидории маводҳои доруворӣ аз ҷониби беморон овезаҳо насб карда шудааст.

Дар идомаи боздиди хеш дар маҷлисгоҳи маркази номбурда муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо роҳбарият ва кормандони он вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохурӣ Ғафур Муҳсинзода таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рияои қатъии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ, риояи одоби муошират бо беморон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарор дошта ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа ҷалб намуд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Таҷлили Наврӯз дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе

Ҷараёни рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақвият меёбад

Москва. Иштироки намояндаи вазорат дар конгресси “Мардум ва тиб”

“Омодагӣ ва вокуниш ба бемории сироятии гулузиндонак (дифтерия)”

Женева. Вохурии вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба муҳокимаи ниҳоии “Харитаи роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026-2030”

Сафари омӯзишии ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Туркия

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器