Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон. Анҷоми амалиёти нави ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи муосир

Боиси қаноатмандист, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар таъмин гардида, дар ин ҷода муваффақияту дастовардҳои нав ба нав ба даст омада истодаанд.

Дастрасии аҳолӣ ба ташхису муоина ва табобати ба талаботи замон ҷавобгу яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст.

Имрӯзҳо бо ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ усулҳои нави ҷарроҳӣ дар кишвар амалӣ гардида истодаанд, ки дастрасии аҳолиро ба ташхису табобат боз ҳам беҳтар менамоянд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ боз як ҷарроҳии навро бомуваффақият анҷом доданд.

Дар ин муассиса бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳии гузоштани анастамоз байни руда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапараскопӣ ва ревизияи роҳҳои талхагузор бо дастгоҳи Eye Max муваффақона гузаронида шуд.

Директори марказ Раҳмонов Ҷамахон Аҳмадович ва Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати маркази номбурда иброз доштаанд, ки бемор бо шикоятҳои дарди сахт, дилбеҳузурӣ, партопарто, зардшавии склераи чашмон, сурхшавии пешоб ва сустии умумӣ ба ин муассиса муроҷиат намуд.

Ҳамин тавр, ба бемор ташхиси структураи қисми терминалии халидх, васеъшавии кистозии маҷрои умумии талхагузар ва зардшавии механикӣ гузошта шуд.

“Дар марҳилаи аввал барои бартараф намудани зардшавии механикӣ бо усули эндоскопӣ ба бемор амалиёти ҷарроҳии стентгузории эндобилиари, яъне бе буриш аз даҳон дар маҷрои умумии талхагузарӣ анҷом дода шуд”,-иброз доштанд дар ин муассиса.

Баъди бартарафшавии зардшавии механикӣ ва шикоятҳо ба бемор дар марҳилаи дуюм бори аввал дар ҷумҳурӣ амали ҷарроҳии гузоштани анастамоз байни руда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапараскопӣ ва ревизияи роҳҳои талхагузор бо истифода аз дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) гузаронида шуд.

Хушбахтона, марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ бе авориз гузашта, бемор баъди 3-юм шабонарӯзии ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шуд ва ҳоло таҳти назорати табибон мебошад.

Ба гуфти номбурда, ингуна беморон то ба роҳ мондани амалиёти ҷарроҳии лапароскопӣ, яъне малаинвазивӣ бо усули анъанавӣ, яъне буридани 14-16см ҷисм ҷарроҳӣ карда мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобатро зиёд менамуд.

Бо истифода аз ин усули нави ҷарроҳӣ чунин беморон метавонанд баъд аз 2-3 рӯзи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зудтар шифо ёбанд.

Бояд гуфт, ки табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” барои гузаронидани чунин усули нави ҷарроҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ аз даврҳои омӯзишӣ ва курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар ватани азизамон баҳри анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандон тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст.

Акнун бо дастрас гаштани технологияи ҳозиразамон шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ба кишварҳои гуногуни олам сафар накарда, дар ҷумҳурӣ аз шароитҳои фароҳамгардида истифода намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search