Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Имрӯз, 5-уми ноябри соли равон бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод пас аз таъмир мавриди истифода қарор дошта шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи мазкур Мансур Каримзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи тандурустии номбурда иштирок намуданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод бо 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин буда, он ба 120 ҳазору 999 нафар аҳолии ноҳияи мазкур хизмат мерасонад.

Дар шуъбаи мазкур дар умум 56 нафар, аз ҷумла мудири шуъба, 1 нафар ҳамшираи калон, 1 нафар механик, 6 нафар момодоя, 11 нафар бародари шавқат, 18 нафар ронанда, 6 нафар дастурдиҳанда ва 14 нафар табиби навбатдор фаъолият менамоянд.

Дар шуъба 2 бригада дар ҳудуди ноҳия ва 1 бригада дар ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлол ба аҳолӣ хизмат хоҳанд кард.

Дар ин рӯз ҳамзамон 8 нафар собиқадори соҳаи тандурустӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузашта, ба онҳо низ туҳфаҳо тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор додани шуъбаи мазкур сатҳу сифати хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Файзобод боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазъи соҳаи шикастабандии калонсолон ва кӯдакон дар ИДМ баррасӣ гашт

Табиби оламшумул

Озмун дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

“Ҳифзи иҷтимоии маъюбон-самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Вобаста ба назорати эпидемиологӣ ва озмоишгоҳӣ барои мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ даври омӯзишӣ гузаронида шуд

Search