Фарзонаи Эмомалӣ сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт

Фарзонаи Эмомалӣ 4 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна ба филиали Литсейи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 2014 тариқи экстернат бо атестати аъло хатм кардааст.

Соли 2014 ба факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2020 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Баъдан, соли 2020 ба ординатураи клиникӣ бо ихтисоси бемориҳои кӯдакона дохил шуда, соли 2022 онро хатм кардааст.

Ҳамзамон, соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намуда, соҳиби дипломи аъло гардидааст.

Аз соли 2021 ба ҳайси мутахассиси Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Маҳз малакаву кордонии мутахассиси ҷавонро ба инобат гирифта, соли ҷорӣ бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзонаи Эмомалӣ сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҷаррад, соҳиби як фарзанд мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search