Гурӯҳи кории вазорат бо ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Сангвор шинос шуд

Дар асоси супориши шифоҳии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гӯруҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода 20 июни соли 2026 бо вазъи тайёрӣ ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии сатҳи госпиталӣ, кумаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Сангвор шинос гашт.

Ба гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи мазкур 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ аз маркази ноҳия аз масофаи 3 километр то 130 километр ҷойгир буда, 15 нафар табиб ва 60 ҳамшира ба мардуми ноҳия хизматрасонии тиббӣ – санитарӣ мерасонанд.

Зимни боздиди хеш гурӯҳӣ корӣ аз вазъи корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими биноҳҳо ва сабзу хуррамгардонии саҳни биноҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталии ноҳияи мазкур шинос гашт.

Қайд кардан зарур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Сангвор айни ҳол сохтмони бисёрошёнаи Муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ санитарӣ бомаром идома дошта, он дар ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.

Инчунин, гурӯҳи корӣ аз фаъолияти Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб дар ноҳияи Сангвор дидан ба амал овард.

Зикр намудан ба маврид аст, ки мақсади асосии фаъолияти марказ- ин кумак расонидан ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ҷиҳати бартараф намудан ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо, тақвият бахшидани ҷидду ҷаҳди шаҳрвандони осебпазир барои ҳалли мустақилонаи проблемаҳои пешомада тавассути ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюби аз 6 – сола боло дар ноҳияи Санговр мебошад.

Баъди ба анҷом расонидани гардиш роҳбари гурӯҳи корӣ- директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сафарзода Абдулло Мумин бо муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор – Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ, муовин оид ба самти иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ – Бафозода Садорат, сардори хадамоти санитарию эпидимиологии ноҳия – Ёров Маъруф, муовини беморхонаи марказӣ – Саидов Хуршед, муовини КАТС-и ноҳия – Мирзоев Мирзошо, менеҷери Ташкилоти Ҷамияти “Офиятбахш” дар ноҳияи Сангвор – Исмонов Муродалӣ ва дигар шахсони масъул баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо вохӯрӣ намуд.

Дар ин замина, аз масъулин даъват карда шуд, ки ҳарчӣ тезтар камбудиҳои мавҷударо бартараф карда, бо як нерӯи ватандустона ва самимияти гарм ба таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ бубинанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд

Ба Беморхонаи Марказии ноҳияи Тоҷикобод дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақдим гардид

Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд миёни дастаҳои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ

Шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва раванди корҳои ободониву созандагӣ

Изҳори тасаллият

СИЛ: Донистани ҳуқуқҳои худ ба манфиати бемор аст

Search