Хатлон: Таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсати мазкур ва муассисаҳои табобатию пешгирии зертобеи он дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гашт, ки дар он  муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холмирзо Давлатзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода ва роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии ҳудуди вилоят иштирок намуданд.

Иброҳим Мусозода, сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни суханронии хеш вобаста ба фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2024 маълумот дод. Номбурда гуфт,  кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Хатлон ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ фаъолияти хешро ба роҳ монда, ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят пешравиҳои муҳиму назаррас ба даст оварда шуданд.

Аз ҷумла дар ин давра дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» сохтмони Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара ба анҷом расида, иншооти мазкур бо таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонида шуда, бо 3 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин  гардидааст. Иншооти тандурустӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара 24 майи соли 2024 мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг бо таҳҷизотҳои тиббӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон, 30 августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Беморхонаи марказии шаҳри мазкур мавриди истифода қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Раиси вилояти Хатлон ва сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Search