08-уми феврали соли равон дар шафати Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бинои шуъбаи сироятӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, раиси ноҳияи Қубодиён Мирзодавлат Сабурзода, роҳбарият ва кормандони маҷмааи тандурустии номбурда иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи сироятии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, ҳарчи саривақт дарёфт ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморон ва дар маҷмӯъ назорати вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат ба истифода дода мешавад.
![](https://moh.tj/wp-content/uploads/2025/02/879879098--1024x775.jpg)
Шуъбаи мазкур аз 50 кат, аз ҷумла 30 кат барои калонсолон ва 20 кат барои кӯдакон иборат буда, он бо хати оксиген таъмин карда шудааст.
Ҳамзамон дар шуъбаи сироятӣ тамоми таҷҳизоту лавозимоти муосир, ки барои ташхису табобати беморон заруранд, муҳайё карда шудаанд, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгашта баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр хоҳанд кард.
Дар шуъбаи сироятии навбунёд бахши озмоишгоҳ низ фаъолият менамояд, ки он дорои тамоми таҷҳизоту лавозимоти муосир дар самти ташхиси бемориҳои гуногун мебошад ва дар он мутахассисони баландихтисос кору фаъолият менамоянд.
Инчунин бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва ба вуҷуд овардани фазои солим дар гирду атрофи бинои шуъбаи мазкур беш аз 600 ниҳолу дарахти гуногуни зебову сояафкан шинонида шудааст, ки ба ҳусни муассиса зебогии дигар зам кардаанд.
![](https://moh.tj/wp-content/uploads/2025/02/676897970-1024x682.jpg)
Зимни ифтитоҳи шуъбаи мазкур Абдухолиқ Амирзода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кулли кормандони ин муассисаи муҳташами тандурустиро ба муносибати мавриди истифода қарор додани боз як шуъбаи наву замонавӣ шодбош гуфта, ба кору фаъолияти минбаъдаи ҳар кадоми онҳо барору муваффақият ва дар самти таъмини солимии аҳолӣ азму иродаи қавӣ таманно намуд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат аснои суханронии хеш ибоз дошт, ки роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи ташхису табобат ба шаҳрвандон бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгашта минбаъд низ тадбирандешиҳои судмандро рӯйи кор хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустии на танҳо вилояти Хатлон, балки ҷумҳурӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар он тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст.
![](https://moh.tj/wp-content/uploads/2025/02/787987098-1024x682.jpg)
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар доираи сиёсати дӯстонаву бародаронаи Роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2021 ба тариқи маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.