Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи   иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд

Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи   иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд.

1. Сардори раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ;

  • талаботи тахассусӣ: 
  • таҳсилоти олии касбӣ (кори иҷтимоӣ, дипломат, гуманитарӣ); 
  • Ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,

ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлати ро таъмин карда метавонад;

  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 6054,12 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

2. Сардори шуъбаи назорат ва коргузорӣ;

  • талаботи тахассусӣ: 
  • таҳсилоти олии касбӣ (кори иҷтимоӣ, дипломат, гуманитарӣ); 
  • Ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,

ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати  давлатиро таъмин карда метавонад;

  • 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 4066,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

3. Сармутахассиси шуъбаи назорат ва коргузорӣ;      

  • талаботи тахассусӣ:
  • таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касби (кори иҷтимоӣ, дипломат, гуманитарӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансаби 3019,08 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи кӯмакҳои иҷтимоӣ;

  • талаботи тахассусӣ: 
  • таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касби (барномасоз, гуманитарӣ, омӯзгорӣ) ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлати ро таъмин карда метавонад; – 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансаби 2468,64 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

5. Мутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагӣ; – талаботи тахассусӣ:

– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касби (иқтисодӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Маоши мансаби 2034,96 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

6. Мутахассиси шуъбаи назорат ва коргузорӣ; – талаботи тахассусӣ:

  • таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касби (барномасоз, гуманитарӣ, омўзгорӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлати ро таъмин карда метавонад.

Маоши мансаби 2034,96 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи басти вазифаҳо.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи мехнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-УЕ);
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушахасси андозсупоранда;
  • эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи иҷтимоии нафақа (СИН);
  • ҳуҷати тасдиқкундаи надоштани «доғи судӣ»;
  • кор бо компютер ҳатмӣ, донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.

Нишони қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко-69, телефонҳо: 446107023,  суроғаи электронӣ: hifziijtimoi@mail.ru.

Ҳуҷҷатҳо  дар давоми 21 рўз баъд аз чопи эълон қабул карда мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译