Дар доираи истиқболи арзанда аз ҷашни бузурги умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба ёрии аввалияи тиббӣ дар шаҳри Ваҳдат ду Бунгоҳи нави тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Яке аз бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри мазкур сохта ба истифода дода шуд, ки он баҳри сокинони деҳаи Навобод ва гирду атрофи он пешбинӣ гардидааст.

Аҳли ин деҳа аз бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти тиббӣ изҳори хушнудӣ намуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бунёду ба фаъолият пардохтани чунин иншооти наву замонавӣ дар деҳа мушкилоти сокинонро бартараф хоҳад кард.
Дар деҳаи Чуртаки ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат низ бунгоҳи тиббии дигар ба истифода дода шуд.
Бо мавриди истифода қарор додани бунгоҳҳои нави тиббӣ хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба аҳолии деҳоти мазкур боз ҳам беҳтар гашта, табибон бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ равона хоҳанд сохт.


