Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

20.06.2025
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохмтонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.

Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.

Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чамш ҷой дода шудаанд. Маркази имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.

Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд.

Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии доиншҷӯён мусоидат менамояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи милл… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search