Инфрасохтори рақамии соҳаи тандурустии мамлакат тақвият меёбад

05-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ», ки бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) татбиқ мегардад, барои шуъбаҳои таваллудии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосири технологӣ супорида шуд.

Зимни тақдими таҷҳизоти муосири технологӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, Сафири Иттиҳоди Аврупо ва Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарский, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷӣ ва директори Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шамсуллозода иштирок намуданд.

Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шарикон оид ба рушд изҳори миннатдорӣ баён кард.

Қайд гардид, ки ин иқдом бо ҳадафи пешбурди раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, таҳкими ҳамгироии байнисоҳавӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин осон кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар доираи ин ҳамкорӣ 480 адад моноблок-компютер (HP ProOne 440), 480 адад принтери бисёрфунксионалӣ (HP LaserJet MFP 4102fdw), 480 адад манбаи беқатъи неруи барқ (UPS Easy 800VA) ва 240 адад роутер (TP-Link AC750) ба вазорат тақдим гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин таҷҳизотҳо барои мусоидат ба рақамикунонии сабти таваллуд ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин таъмини пайвастшавии муассисаҳои тандурустӣ бо низоми иттилоотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Портали CR) равона шудаанд.

Таҷҳизоти муосири технологӣ имкон медиҳанд, ки раванди сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои мамлакат дақиқ ба роҳ монда шуда, дар ин самт омори дуруст ҷамъоварӣ карда шавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни ҳол зина ба зина дар кишвар ҷараён гирифта истодааст ва дар ин самт аллакай як қатор корҳои назаррас низ ба анҷом расонида шудаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search