Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсияи 73-юми илмӣ-амалии Донишгоҳи тиббӣ таҳти унвони “Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат”

Имрӯз, 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе конференсияи 73-юми илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”  таҳти унвони “Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат” доир гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарияти донишгоҳ, олимон, устодони донишгоҳҳои тиббӣ, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва муҳаққиқони ҷавони кишвар, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони соҳаи тандурустии кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо ширкат  намуданд.

Конфронси мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳамаи ҳозирин ва меҳмононро  ба конфронси 73-юми солонаи илмӣ-амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хайрамақдам  гуфта, ба роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ ва ҳайати комиссияи тадорукоти ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аз номи роҳбарияти вазорат изҳори миннатдорӣ баён кард.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ ва маориф, конференсияи  мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” ташкил ва гузаронида  мешавад.

Номбурда иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ эътибори махсус дода, дар ин самт ҳамсола тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд.  Тавре дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст”.

Таъкид гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ ҷори намудани имкониятҳои навтарини технологияҳои инноватсионӣ дар самтҳои гуногуни соҳа давоми солҳои охир корҳои зиёдеро  ба анҷом расонида, фаъолияти хешро дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад дод.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо давоми як соли охир дар самти азнавсозӣ, таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд воқеан корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар идомаи сухани ифтитоҳӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки илми тибби тоҷик тули солҳои охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дастовардҳои илмии олимони тибби мамлакат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар баҳои баландро сазовор  гаштааст.

Имрӯзҳо илми тиб дар Тоҷикистон дар баробари дигар илмҳои муосир бо суръати баланд рушду инкишоф ёфта, бо дастовардҳои навин ва пешравиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Зеро он раванди табиии инкишофу тараққии соҳа буда, моро ҳамарӯза бо рушди бесобиқаи илми тиб, усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва назорати бемориҳо, инчунин таҳияву эҷоди доруҳо ва технологияҳои навин пайгирӣ ва табобати бемориҳоро шинос менамояд.

Аз ҷумла маълумотҳои зиёд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои навин асоси ҷараёни навовариҳои тиббиро дар саросари ҷаҳон ташкил медиҳанд.

Эҷод ва истеҳсоли таҷҳизоти нави тиббӣ, ки барои ташхис, назорат ва табобати бемориҳои гуногун шароиту имкониятҳои нав фароҳам меоранд, яке аз самтҳои муҳими раванди инноватсионӣ дар соҳаи тиб ба ҳисоб мераванд.

Тавре гуфта шуд, таҷҳизотҳои нави тиббӣ, аз ҷумла чӣ дастгоҳҳои хурди эндоскопӣ бошад ва чӣ робототехникаи тиббӣ, онҳо ҷузъи асосии фаъолияти инноватсиониро дар соҳаи тиб ташкил медиҳанд. Бинобар ин, солҳои охир бо мақсади ҷорӣ намудани дастгоҳҳои инноватсионии тиббӣ, ба монанди клапанҳои механикии дил, технологияҳои рақамии тиббӣ ва  ғайраҳо дар соҳаи тиб корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.

Зикр гардид, ки технологияҳои нав имрӯзҳо дар кишварҳои тарраққикардаи олам муоинаи фосилавии тиббиро имконпазир гардонида, чунин дастовардҳо имкон медиҳанд, ки ҳолати саломатӣ дар вақти лозимӣ пайгирӣ гардида, ҷараёни беморӣ аз фосилаи дур назорат ва усулҳои нави ташхису табобат саривақт ба хизмати мардум равона карда шаванд.

Вобаста ба ин, аз худ намудани навгониҳои илм ва истифодаи оқилонаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи тиб ва толибилмони  муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аёниятҳои таълимӣ, вазъияти таълиму тарбия дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  ба куллӣ тағйир ёфта, даҳҳо кафедраву озмоишгоҳ ва клиникаҳои бо таҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳаз ба мақсади ташкили дуруст ва ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани раванди таълиму тарбияи касбомӯзони ҷавон равона карда шудаанд.

-Имрӯзҳо боиси ифтихори мост, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино на танҳо дар кишвари азизамон, балки берун аз он низ ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ва маркази боэътимоди омодасозии мутахассисони сатҳи баланди тиббӣ шуҳрати хосаро касб намудааст. Натиҷа ҳамин аст, ки сол то сол сафи довталабони донишгоҳ аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ афзуда, аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура ба роҳ монда шудааст”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар охири сухани ифтитоҳӣ ба кори ҳамоиши илмӣ барору муваффақият хоста, изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои кори конфронси мазкур ба рушди илми тиб ва дар маҷмуъ соҳаи тандурустии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки конференсияи имсолаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ба таҳкими робитаи илм ва амалия, ҷалби мутахассисони ҷавон ба пажӯҳишҳои илмӣ, мубодилаи тачрибаи пешқадам ва баррасии роҳҳои нави татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалияи тибби кишвар бахшида шуд.

Дар ҷаласаи пленарӣ як қатор маърузаҳои илмӣ-назариявӣ ва таҷрибавӣ ироа гаштанд, ки ба масъалаҳои мубрами илми тиб ва рушди таҳсилоти тиббӣ бахшида шуданд. Маърузаҳои пешниҳодшуда самтҳои муҳими илми муосири тиб, аз ҷумла ҷарроҳии эндоскопӣ, бемориҳои дарунӣ, усулҳои муосири табобат ва тадқиқоти клиникиро фаро гирифта,  барои таҳкими робитаи илм бо амалия ва ворид намудани технологияҳои пешрафта ба тибби кишвар мусоидат  хоҳанд кард.

Пас аз ҷаласаи пленарӣ кори конференсия дар шакли ҷаласаҳои сексионӣ ва симпозиумҳои илмӣ идома  ёфт. Дар умум, 13 самти илмӣ фаро гирифтанд, ки ҳар кадоме ба як бахши муҳими илми тиб ва фаъолияти амалии соҳаи тандурустӣ бахшида шуданд. Ҳамин тавр, дар кори сексияҳо зиёда аз 240 маъруза ва гузориши илмӣ пешниҳод гашт.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории ҷаласаҳои сексионӣ-ин баррасии масъалаҳои мураккаби тибби муосир, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони варзида ва муҳаққиқони ҷавон, омӯзиши роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таҳкими заминаи илмии он мебошад.

Бахшҳо ва симпозиумҳо самтҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекология, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, тибби оилавӣ, стоматология, фармакология, фанҳои назариявӣ ва дигар бахшҳои тибро дар бар гирифтанд. Дар доираи симпозиумҳои байналмилалӣ инчунин, масъалаҳои “Дард ҳамчун симптом ва беморӣ”, “Таҳкими саломатии ҷамъиятӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои рушди устувор” ва “Усулҳои муосири табобати бемории санги гурда” мавриди муҳокима қарор  дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search