Имрӯз, 11-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими хатми тантанавии 2154 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ ва супоридани Дипломи аъло ба хатмкунандагони фаъол, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, имтиҳоноти хатми давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳошим Саид Басир, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, хатмкунандагону донишҷӯён ва волидайну меҳмонон иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ҳамаи хатмкунандагон, волидони онҳо ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳро ба ифтихори ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуда, ба кору фаъолияти минбаъдаи табибони ҷавон барору муваффақият таманно намуд.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки “дар тамоми мулоқотҳояшон бо аҳли маориф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қайд менамоянд, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф пеш аз ҳама гузоштани заминаи устувор барои тарбияи созандагони ҷомеаи пешрафта, яъне наврасону ҷавонони имрӯза мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон мебошад. Бешак, ин ҳадафи олӣ дар назди Шумо мутахассисони ҷавон низ масъулияти ҷиддиеро пеш мегузорад”.
Қайд карда шуд, ки хатмкардагони донишгоҳи мазкур заминаи устувори кадрии бисёр муассисаҳои пешқадами тиббии на танҳо Тоҷикистон, балки инчунин як қатор муассисаҳои тандурустии давлатҳои ба мо дӯсти хориҷӣ низ маҳсуб меёбанд ва боиси ифтихору сарфарозист, ки сол то сол сатҳи дониш ва малакаи хатмкунандагон боло меравад, ки ин аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии устодони ин даргоҳи олӣ гувоҳӣ медиҳад.

Нуриддин Муҳиддин, ректори донишгоҳи мазкур аснои суханронии хеш аз сиёсати маорифпараваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки хатмкардагони ин даргоҳи олии таълимӣ ҳамчун ворисони арзандаи Синои бузург қасами табибӣ ва номи пуршарафи табибиро пос медоранд. Зикр гардид, ки хатмкунандагони донишгоҳ аз хориҷи кишвар низ аз имрӯз эътиборан қодир хоҳанд шуд, ки бо дониши андӯхтаашон барои халқу ватани хеш хизмат кунанд ва кишвари моро дар арасаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Ректори Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳошим Саид Басир низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, донишҷӯёнро бо ин рӯйдоди барояшон фараҳбахш шодбош гуфт.

Ҳамин тавр, ба 11 нафар хатмкунандагони ватанӣ Дипломи аъло ва ба донишҷӯёни хориҷӣ дипломҳои хатм бо ихтисоси корӣ табобатӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.