Ҳисор. Масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ баррасӣ гаштанд

25-уми феврали соли равон дар Маркази саломатии шаҳри Ҳисор таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, роҳбарият ва кормандони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи корӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ ба масъалаҳои рафти маъракаи иммунизатсия дар шаҳри Ҳисор, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи саломатии аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллии дар пеш истода ва ғайра таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

Пас аз таҳлилу баррасии вазъи соҳа ва масъалаҳои баррасишуда баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Абдухолиқ Амирзода ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search