Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд санаи 17-уми ноябри соли равон дар деҳаи Варсиқи ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан Маркази саломатии деҳаи Варсиқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи муассисаи тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, масъулини соҳаи тандурустии шаҳр, доираи васеи кормандони соҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Бинобар сабаби он, ки иншооти тандурустӣ солҳои тулонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, Маркази саломатии мазкур бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” азнав сохта шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин  ва мавриди истфода қарор дода шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, Маркази саломатии деҳаи Варсиқ аз муассисаи КАТС-и шаҳри мазкур дар масофаи 12 км дур ҷойгир шуда, дар он  8 нафар кормандони тиб, аз ҷумла як нафар табиби оилавӣ, як нафар момодоя ва 6 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ ба аҳолии 4 ҳазору 289 нафар хизматрасонии аввалиндараҷаи тиббӣ мерасонанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ифтитоҳи иншооти тандурустӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани маркази саломатии мазкурро туҳфаи арзандаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба сокинони шаҳри Истаравшан дар арафаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ арзёбӣ кард.

Дар навбати худ сокинони деҳаи Варсиқи ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан барои чунин туҳфаи арзанда ва дар ин замина фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро иброз доштанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мамлакат дар баробари дигар иншоотҳои таъйиноташон гуногун ҳамзамон муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ мавриди баҳбарбардорӣ қарор дода мешаванд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат  дар самти таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббию табобатӣ ба шумор меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Search