Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои деҳот, кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин дигар шахсони масъули ноҳияи мазкур машварати корӣ баргузор гардид.
Зимни машварати корӣ Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ҷалб намуд.
Дар баробари ин, зимни чорабинӣ ба масъалаи пешгирии зукоми мавсимӣ, гепатити намуди “А”, ҳамзамон бемории хавфноки ботулизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

ҳамзамон, бо иштироки фаъолонаи кормандони соҳаи санитарию эпидемиологӣ ва аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ баргузор гардида, аҳамияти риояи қоидаҳои тозагии шахсӣ, санитария ва гигиенаи ҷамъиятӣ таъкид гардид.
Қайд гардид, ки се роҳи асосии паҳншавӣ ва гузариши бемориҳои сироятӣ инҳо об, ҳаво ва тамос (карантин) мебошанд. Бинобар ин зикр гардид, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл табиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба зарурати покии муҳит, назорати оби нӯшокӣ ва маҳдудсозии тамоси беморон таъкид карда буд.
Дар доираи баррасии масъалаҳои муҳими солимии аҳолӣ, роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба шароити истиқомати аҳолии деҳот, истифодаи ангишт дар фасли сармо, эҳтимоли заҳролудшавӣ аз газҳои зараровар, инчунин ҳолатҳои эҳтимолии ботулизм ҳангоми истифодаи консервҳои хонагӣ ишора намуда, дастур дода шуд, ки корҳои назорати санитарӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт пурзӯр гардонида шаванд.
Ҳамин тавр, чораҳои асосии пешгири бемориҳои сироятӣ чунин арзёбӣ гашт: шустани дастон бо собун пеш аз ғизохӯрӣ ва баъд аз истифодаи ҳоҷатхона, истеъмоли оби тозаву ҷӯшондашуда, нигоҳдории дурусти маҳсулоти ғизоӣ, махсусан дар фасли сармо, парҳез аз истифодаи ғизоҳои консервшудаи хонагӣ, ки метавонад сабаби ботулизм гардад, пок нигоҳ доштани муҳити зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ – мактабҳо, ошхонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ, парҳез аз тамос бо шахсони бемор ва риояи тавсияҳои карантинӣ, истифодаи дурусти ангишт ва таъмини ҳавогузаронии хонаҳо барои пешгирии заҳролудшавӣ аз газҳои хатарнок ва гузаронидани эмгузаронӣ (ваксинация) бар зидди гепатити А ва зукоми мавсимӣ мувофиқи тавсияи табибон.
Дар поёни вохурӣ Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аз иштирокчиён даъват ба амал овард, то бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии тиббӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва таъмини муҳити солим дар ҳифзи саломатии ҷомеа саҳмгузор бошанд.


